
內容保持發布機構的原始語言,並保留來源標示及原始報道連結
原文正文
Ба сатҳи рекордии 6,8 миллиард доллар расидани захираҳои тилову асъори Тоҷикистон аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои мусбати иқтисодии солҳои охир аст. Мувофиқи арзёбии “ S&P Global Ratings”, захираҳои байналмилалии кишвар, ки дар охири соли 2024 ҳамагӣ 4,4 миллиард доллар буданд, дар охири соли 2025 ба 6,4 миллиард ва то моҳи майи соли 2026 ба 6,8 миллиард доллар расидаанд.
Ин захираҳо барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди молу маҳсулот, аз ҷумла сӯзишворӣ, техника, доруворӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоиро аз хориҷ ворид мекунад, як навъ “болишти амниятии иқтисодӣ” мебошанд. Ба ҳисобҳои S&P, маблағи ҷамъшуда метавонад хароҷоти ҳудуди ҳаштуним моҳи пардохтҳои хориҷии кишварро рӯйпӯш кунад.
Захираи зиёд ҳамчунин ба Бонки миллӣ имконият медиҳад, ки ҳангоми фишор ба қурби сомонӣ ба бозори асъор дахолат намояд ва аз тағйироти шадиди қурб пешгирӣ кунад. Барои кишваре, ки иқтисодаш ба омилҳои беруна хеле ҳассос аст, ин имконият аҳаммияти махсус дорад.
Яке аз манбаъҳои асосӣ интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Ба арзёбии S&P, соли 2025 ҳаҷми воридоти маблағҳо 48 дарсад афзуда, ба сатҳи фавқулода баланд расидааст. Зиёда аз 90 дарсади ин маблағ аз кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама Русия ворид мешавад. Омили дуюм тилло аст. Бонки миллӣ аз истеҳсолкунандагони дохилӣ тило мехарад ва болоравии нархи ҷаҳонии он арзиши дороиҳои кишварро бештар кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош! Моро пайгири намоед Telegram , Facebook , Instagram
Ҳафтаномаи « Тоҷикистон » дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0054/РЗ сабти ном шуда, аз соли 1992 инҷониб чоп мешавад. Ба мазмун ва санаду рақамҳои маводи чопшуда муаллифон ҷавобгаранд.
內容保持發布機構的原始語言,並保留來源標示及原始報道連結
查看原始報道↗