區域簡報

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СҲШ пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба тақвияти амният матраҳ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек суханронӣ кард. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва дигар таҳдидҳои амниятӣ пешниҳод кард, ки таъсиси Маркази зиддимухаддиротӣ ва Маркази универсалӣ оид ба муқовимат ба чолишу таҳдидҳои амниятӣ дар доираи СҲШ ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад.

Медиа холдинг Оила
圖片來源 · Pressa.tj
查看原始報道

內容保持發布機構的原始語言,並保留來源標示及原始報道連結

原文正文

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек суханронӣ кард.

Ӯ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва дигар таҳдидҳои амниятӣ пешниҳод кард, ки таъсиси Маркази зиддимухаддиротӣ ва Маркази универсалӣ оид ба муқовимат ба чолишу таҳдидҳои амниятӣ дар доираи СҲШ ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид кард, ки низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Дар бахши иқтисодӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушди саноат, энергетика, нақлиёт, транзит ва кишоварзиро муҳим дониста, ба густариши иқтисоди рақамӣ, технологияҳои нав ва истифодаи зеҳни сунъӣ таъкид кард.

Ӯ инчунин пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар самти рушди энергетикаи «сабз», ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, инчунин таъмини амнияти экологӣ муаррифӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош! Моро пайгири намоед Telegram , Facebook , Instagram , YouTube

Ҳафтаномаи « Тоҷикистон » дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0054/РЗ сабти ном шуда, аз соли 1992 инҷониб чоп мешавад. Ба мазмун ва санаду рақамҳои маводи чопшуда муаллифон ҷавобгаранд.

來源說明

內容保持發布機構的原始語言,並保留來源標示及原始報道連結

查看原始報道